Омӯзиш барои ҳуқуқшиносони Бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ

Published On 12.11.2020 |

12 ноябри соли 2020 дар «Маркази ёрии ҳуқуқӣ”- и  ВА ҶТ омӯзиш   барои ҳуқуқшиносони Бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ  оид ба  истифодаи Дастурамал барои ҳуқуқшиносони Бюроҳои давлатии ҳуқуқии  МДМЁҲ (минбаъд — БДҲ) ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба ҷабрдидагони зуроварӣ дар оила,   доир гардид.

На  омӯзиш  20  нафар иштирокчи  аз  вилояти Хатлон ( ноҳ. Балхи, Ҳамадони, Ёвон),  вилояти Суғд  (Гулистон,  Б. Гафуров,  Айни, Ашт, Шаҳринав) иштирок намудан.

Дар рафти омӯзиш  иштиркочиён  бо Санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ, ки ҳуқуқшиносони давлатӣ дар фаъолияти худ ҳангоми ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони  аз зӯроварӣ дар оила  ба роҳбарӣ мегиранд, инчунин  оиди ҳуқуқҳои  ҷабрдидагон ва маҷмӯаи кӯмаки  аввалия ҳуқуқӣ, ки  ҷабрдидагони аз зӯроварӣ дар оила  ба кӯмаки ҳуқуқӣ ниёз дорад.  Дар рафти  омӯзиш инчунин  оид ба падидаи зуроварӣ дар оила, намудҳо ва оқибатҳои, хусусиятҳои ҳолати равонӣ ва  рафтори ҷабрдидагони аз зӯроварӣ дар оила фаҳмондашуданд.

Аз тарафи тренер    мундариҷаи  дастурамал  барои ҳуқуқшиносони Бюроҳои давлатии ҳуқуқии МДМЁҲ ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони аз зӯроварӣ дар оила пешниҳод гардид ва якчанд  мисолҳо — ҳолатҳои  ЗО аз тарафи иштиркочиён  дида баромад шуд.

Comments are closed.