Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

Ташкилоти Чамъиятии «Махбуба»



Ташкилоти ҷамъиятии «МАҲБУБА»                  

Фаъолияти худро соли 2001 дар ноҳияи Бохтар, Вахш, Сарбанд ва ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оғоз намуда, то имрӯз давом дода истодааст.

Ташкилот расман дар Идораи адлияи вилояти Хатлон аз 13.04.2001 таҳти рақами 97 ба қайд гирифта шудааст.

 

Мақсади ташкилот:

Баланд бардоштани мавқеи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеъа, ҳифзи ҳуқуқ ва саломатии онҳо, мусоидат барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, дастгирии ташаббусҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тиббӣ, маданӣ-иҷтимоӣ, танзими оила ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, дастгирӣ ва инкишофи тиҷорату соҳибкорӣ мебошад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Маҳбуба» барои рушду тараққиёти ҷомеъа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин, бо сохторҳои ҳукуматӣ ҳамкории наздик дорад.

       

махбуба.png



   

  Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» (PDV)

Ташкилоти ҷамъиятии «Маҳбуба» бо дастгирии молиявии Конфедератсияи Швейтсария ва дар ҳамкорӣ бо филиали ташкилоти ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар 4 ҷамоат ва 58 деҳаи таҳти пӯшиши лоиҳа дар ноҳияи Вахш аз моҳи апрели соли 2005 то августи соли 2014 фаъолият намуд. Аз моҳи сентябри соли 2014 фаъолияти худро дар ноҳияи Ҷалолидини Румӣ дар ду ҷамоат (Гулистон ва Маданият) давом медиҳад.

 

Барои ба мақсади асосии лоиҳа, яъне  пешгирии зӯроварӣ дар оила ноил гаштан, ташкилот дар байни мардуми маҳал омӯзишҳо оид ба мавзӯи зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он корҳои равшаннамоӣ- маърифатӣ, суҳбату машғулиятҳо бурда, ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила кӯмаки иҷтимоию ҳуқуқӣ мерасонад.

Дар чорчӯбаи татбиқи Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» кормандони ташкилот дар самтҳои зерин кор бурда истодаанд:

1. Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мардум оид ба зӯроварӣ дар оила

  • Кор бо гурӯҳҳои занон;
  • Кор бо гурӯҳҳои мардон;
  • Кор бо гурӯҳҳои ҷавонон;
  • Кор бо мактаббачагон.
  • Ҳамкорӣ бо намояндагони дин

доир ба гузаронидани сӯҳбатҳо дар масҷидҳои панҷвақта дар байни аҳолӣ оид ба  мақоми зан дар оила ва муносибатҳои солими байниҳамдигарӣ бидуни зӯроварӣ дар оила аз нигоҳи  фарҳанги динӣ. 

·         Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва сабқатҳо; «16 рӯзи безӯроварӣ», Рӯзи Модарон, Рӯзи Оила.

 

2. Расонидани  кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила.

 

Ба ташкилоти "Маҳбуба" дар давоми соли 2013-ум  шумораи муроҷиаткунандагон 314 нафарро (аз он ҷумла занон 238 нафар, мардон 76 нафар) ташкил дод.

Мизоҷон оид ба масъалаҳои:

  • иҷтимоӣ - 154 нафар,
  • ҳуқуқӣ -  160 нафар,

 муроҷиат намуданд.

 

Дар давраи сентябри соли 2014 то августи соли 2015 шумораи муроҷиаткунандагон 189 нафарро (аз ҷумла занон 146 нафар, мардон 43 нафар) ташкил дод. Мизоҷон 459 хизматҳоро гирифтаанд

 

  СУРОҒАИ МО:

 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН        

 ВИЛОЯТИ ХАТЛОН        

 НОҲИЯИ ВАХШ, 735160. 

 КӮЧАИ Х. ДАВЛАТОВ –14

 

   Тел.  (83246)  2-46-82

        (93) 502 81 43

 

 НОҲИЯИ Ҷ.РУМӢ, 735200. 

БИНОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ  ГУЛИСТОН

   Тел.  (93) 935 54 55

        98 816 66 05   

 mahbuba.pdv@gmail.com


«Оила бидуни зӯроварӣ – ояндаи дурахшони фарзандони шумо»

Истифодаи ҳама гуна зӯроварӣ дар оила дар назди қонун ҷиноят ҳисобида мешавад. Бояд ҳеҷ кас бетараф набошад.

Бинобар ин, дар ҳолати сар задани мушкилот ва барои ҳалли мушкилоти худ ба ташкилоти ҷамъиятии «Маҳбуба»-и

ноҳияи Вахш муроҷиат намоед.

 

 Ташкилот оид ба лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила » фаъолият намуда, ба ҷабрдидагони зӯроварӣ кӯмакҳои ройгони иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоърасониро пешкаш менамояд.