Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

Ташкилоти Чамъиятии «Хамроз»


Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамроз» моҳи майи соли 2000 дар Идораи адлияи вилояти Хатлон номнавис шудааст. 

 Дар таърихи 25 декабри соли 2007 таҳти  рақами 100 «А» дар Идораи адлияи вилоят аз нав ба қайд гирифта шудааст.

 

Мақсади ташкилот: баланд бардоштани мақоми зан дар тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии ҷамъият, ҳифзи ҳуқуқ ва саломатии модару кӯдак, мусоидат намудан барои беҳбудии зиндагии мардум ва демократикунонии ҷомеа мебошад.

 

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамроз» барои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо;

 

  • Ҳукуматњои ноҳияи Бохтар ва шаҳри Сарбанд,
  • Ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Навбаҳор, шаҳраки И. Сомонӣ ва Бохтариён.

·         Беморхонаи марказии ноҳияи Бохтар, шуъбаи маориф,

·         Маркази бўњронии «Ғамхорӣ»-и ш. Қўрғонтеппа,

·         ТҶ «Дилафрўз»-и ш. Қўрғонтеппа,

·         ТҶ «Маҳбуба»-и ноҳияи Вахш,

·         Маркази бўҳронии «Боварӣ ба фардо»-и ш. Душанбе ҳамкории наздик дорад.

 

  

Лоиҳаи «Пешгирии Зӯроварии Хонаводагӣ » (РDV).

 

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамроз» бо дастгирии молиявии Конфедератсияи Швейтсария ва дар ҳамкорӣ бо Филиали ташкилоти GOPA мбХ дар Љумхурии Точикистон аз рўи лоихаи «Пешгирии Зӯроварии Хонаводагї» дар деҳаҳои ҷамоатҳои Меҳнатобод, Навбаҳор, шањракњои И. Сомонӣ ва Бохтариёни ноҳияи Бохтар аз моҳи апрели соли 2005  ва аз сентябри 2014 дар ш.Сарбанд то ин ҷониб фаъолият дорад.

 

Барои ба мақсади асосии лоиҳа, яъне пешгирии зӯроварӣ дар оила, ноил гаштан, ташкилот дар байни мардуми маҳал омўзишҳо оид ба мавзўи зӯроварии хонаводагӣ ва пешгирии он корҳои равшаннамоӣ - маърифатӣ, суҳбату машғулиятхо бурда, кўмаки иҷтимоию ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила мерасонад.

 

Барои тағйир додани рафтори мардум дар деҳаҳои лоиҳавӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамчунин:  рӯзи «Модар»,«Иди Оила», "16-рӯзи безӯроварӣ" ва чорабинии «Сиёсат ва Адвокасӣ» гузаронида шудаанд.

 

Кормандони ташкилот дар чорчўбаи татбиқи лоиҳаи «Пешгирии Зӯроварии Хонаводагї» дар самтҳои зерин кор бурда истодаанд:

 

  • Кор бо гурӯҳҳои занон
  • Кор бо гурӯҳҳои мардон
  • Кор бо мактаббачагон
  • Ҳамкорӣ бо намояндагони дин доир ба гузаронидани суҳбатҳо дар байни аҳолӣ оид ба мақоми зан дар оила ва муносибатҳои солими безӯроварии байни ҳамдигарӣ дар оила аз нигоҳи фарҳанги динӣ.

 

  • Фаъолияти корманди иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ  бо мақсади расонидани кӯмак ва додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ройгон ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ.

 

Дар давраи сентябри соли 2014 то моҳи августи соли 2015  шумораи муроҷиаткунандагон:

822 нафар ( 588 зан ва 234 мард) ташкил дод.

Хизматрасонӣ:  Ҳамагӣ  1321 хизматҳои ҳуқуқшинос ва коргари иҷтимоиро гирифтанд.

 

  

«Ҳуқуқ ба ҳаёти безӯроварӣ дар оила»

 

 Истифодаи ҳама гуна зӯроварӣ дар оила дар назди қонун ҷиноят  ҳисобида мешавад. Бояд ҳеҷ кас бетараф набошад.

Бинобар он  дар ҳолати сар задани  мушкилот  ва барои ҳалли мушкилоти худ Шумо метавонед  ба Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамроз», ки  дар  шаҳри   Сарбанд ва  ноҳияи Бохтар фаъолият мекунад,  муроҷиат намоед.

 

 

 

Ташкилот  оид ба лоиҳаи «Пешгирии Зӯроварии Хонаводагї»  фаъолият намуда, ба ҷабрдидагони зӯроварӣ кӯмакҳои ройгони иҷтимоӣ, ҳуқуқи ва иттилоърасониро пешкаш  менамояд.

 

 

СУРОҒАИ  МО:

 

  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН                

  ВИЛОЯТИ ХАТЛОН                

  ШАҲРИ САРБАНД  73 51 47.   

  КӮЧАИ БОРБАД –10, БИНОИ КОХИ ФАРҲАНГ, ОШЁНАИ 3

 

     Тел.   (93) 4877771, (91)7435185

               (91)8765229, (91)9044251

               (91)9906094

 

  НОҲИЯИ БОХТАР,  735162.   

  БИНОИ ҶАМОАТИ   МЕҲНАТОБОД, ДЕҲАИ МЕҲНАТОБОД

     Тел.   (91)9567205, (91)9382558

       E-mail: ngohamroz@mail.ru

 

 

  ТАШКИЛОТИ       ҶАМЪИЯТИИ «ҲАМРОЗ»