Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

Маркази бўхронии «Гамхори»



Маркази буҳронии (МБ) «Ғамхорӣ» дар ш.Қурғонтеппа соли  2000-ум бо дастгирии  Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ  таъсис ёфт.

 

Ҳадафи лоиҳа «Беҳтар кардани мавқеи занон дар ҷомеа, оила ва пешгирии зўроварии хонаводагӣ   (ЗХ) мебошад».

 

Максади асосии  фаъолияти Маркази буҳронии ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) «Ғамхорӣ» расонидани кӯмакҳои равонӣ,  ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ  ва ҳамчунин гузаронидани маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум дар мавзӯи зӯроварии хонаводагӣ ва тағйири рафтор нисбат ба он мебошад.

 

Дар марказ мутахассисони баландихтисос ба монанди равоншиносон, ҳуқуқшиносон,  кормандони иҷтимоӣ, табиб фаъолият мекунанд ва ба мизоҷон кӯмакҳои зеринро мерасонанд.

  • машварати психологӣ (равонӣ)
  • машварати ҳуқукӣ
  • машварати тиббӣ (духтури бемориҳои занона)
  • ташкил ва гузаронидани машваратҳои оилавӣ барои пешгирии ЗХ.

 

 

Хамчунин дар муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии (КАТС)-и ш. Қурғонтеппа  «Утоқи боварӣ» кушода шудааст,  ки  ба муштариёни гирифтори зӯроварии хонаводагӣ  аз тарафи  равоншиносон ва ҳуқуқшиносон ёрии ройгон расонида мешавад.

 

Имрӯзҳо маркази буҳронии ТҶ «Ғамхорӣ»  барои садҳо нафаре, ки худ барои ҳалли масъалаҳои оилавӣ ва муоширати ҳамдигари мушкилӣ мекашанд, макони дастгирӣ ва кӯмак гардидааст.  Дар як рӯз ба Маркази буҳронӣ ТҶ «Ғамхорӣ» зиёда аз 20-25 нафар мизоҷ – ҷабрдидигони зӯроварии хонаводагӣ  барои гирифтани машварат ва кӯмак аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муроҷиат менамоянд.

Дар давраи сентябри соли 2014  - августи соли 2015  Маркази буҳронӣ зиёда аз 1457  нафар мизоҷро қабул намуд ва аз инҳо 219 нафар мардҳо ва 1238 нафар занҳо мебошанд. Ин мизоҷон 7312 хизматҳои равношинос, ҳуқуқшинос, духтур ва коргари иҷтимоиро гирифтанд.

 

Ба ёд дошта бошед!

Машварати психологӣ, ҳуқуқӣ,  тиббӣ  ва   иҷтимоӣ  ин на  он кӯмакест, ки барои он танҳо дар ҳолати ғайриоддӣ ва ё буҳронӣ муроҷиат кардан лозим аст,  инчунин дар ҳалли муаммоҳои оддии оилавӣ ва муошират ба мо муроҷиат намудан  зарур мешавад.

 

Агар Шумо дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарор дошта бошед, дар оилаи Шумо  ва ё наздиконатон муаммое пайдо шуда бошад, пас ба Маркази буҳронии ТҶ «Ғамхорӣ»  аз соати 08:30 то соати 17:00 ғайр аз рӯзҳои шанбе - якшанбе муроҷиат намоед.

Мо ба ҳамаи мизоҷон махфиятро кафолат медиҳем.

Хизматрасониҳо дар Маркази Буҳронӣ ройгон аст!

 

 

Мо ҳамеша ба ниёзмандон кӯмак мерасонем!

 

 

Суроғаи мо:  вилояти Хатлон

шаҳри Қурғонтеппа, кӯчаи Қаюм Абдураҳимов, хонаи№1.

Тел.:          (8 32 22)  2-78-79

Почтаи электронӣ:  w.c.ghamkhori@mail.ru