Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

Ташкилоти Чамъиятии «Дилафруз»



Ташкилоти љамъиятии «Дилафруз» 19 сентябри соли 2001 дар Идораи адлияи њукумати вилояти Хатлон тањти №127, њамчун иттињодияи љамъиятии занона ба ќайд гирифта шуда буд.

Дар асоси ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» аз 12 маи соли 2007 ташкилот дар Раёсати Адлияи вилояти Хатлон 25 декбри соли 2007 тањти №105 аз нав ба ќайд гирифта шуд.

 

Миссияи ташкилот:

Баланд бардоштани мавќеи шањрвандон, аз он љумла занон дар њаёти љамъиятї, ташакулли маърифати њуќуќї, иљтимої, иќтисодї, сиёсї, экологї, фарњангї ва тиббї, баланд бардоштани сатњи зисти табаќањои гуногуни мардум, ба хусус занон, расонидани кумакњои машваратї, таълимї, моддию маънавї, њифзи экология ва тандурустии шањрвандон, дастгирї ва инкишофи тиљорату соњибкорї.

 

Вазифањои ташкилот:

  • Баланд бардоштани савияи дониши њуќуќии занон, љавонон ва мактаббачагон;
  • Наќши занон дар њаёти љамъиятї, сиёсї ва иќтисодї;
  • Пешгирї ва њифз намудани занон аз зуроварї дар оила;
  • Дастгири ташаббусњои занон;
  • Ташкил намудани Шўроњои љамъиятї ва њамкорї бо онњо бањри бењдошти сатњи зиндагии сокинони мањал;

  • Мусоидат кардани њокимияТашкилоти  ҷамъиятии «Дилафрӯз»  соли 2001  дар Идораи  адлияи  ҳукумати вилояти Хатлон  №127 ҳамчун  иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуд.

    Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12 маи соли 2007 ташкилот дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон 25 декабри соли 2007,  № 105  аз нав ба қайд гирифта шуд.

     

    Ҳадафи ташкилот:

    Баланд бардоштани мавқеи шаҳрвандон, аз ҷумла занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи зисти табақаҳои гуногуни мардум, махсусан занон, расонидани кумакҳои машваратӣ, таълимӣ, моддию маънавӣ, ҳифзи экология ва тандурустии шаҳрвандон, дастгирӣ ва инкишофи тиҷорату соҳибкорӣ.

     

    Вазифаҳои ташкилот:

    ·         Баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии занон, ҷавонон ва мактаббачагон;

    ·         Нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ;

    ·         Пешгирӣ ва  ҳифз намудани занон ва кӯдакон аз зӯроварӣ дар оила;

    ·         Дастгирии  ташаббусҳои  занон;

    ·         Ташкил  намудани  Шӯроҳои  ҷамъиятӣ ва ҳамкорӣ бо онҳо барои  беҳдошти сатҳи зиндагии  сокинони  маҳал;

    ·         Мусоидат кардани ҳокимияти маҳаллӣ барои иҷрои мушкилоти иҷтимоии занон ва кӯдакон.

     

    Ташкилоти ҷамъиятии  «Дилафрӯз» аз соли 2001 то ба ҳол бо дастгирии молиявии Конфедератсияи Швейтсария   ва  дар ҳамкорӣ бо филиали ташкилоти GOPA мбХ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аз рӯи лоиҳаи  «Пешгирии зӯроварии хонваодагї» (PDV) дар ноҳияҳои Бохтар, Хуросон  ва   ш. Қурғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолият намуда истодааст.

       Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои солҳои  2014 – 2023  дар вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

       Вазъи қонуниро таҳлил намуда, ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз» дар рафти давраи минбаъдаи барнома тасмим гирифтааст, ки амалӣ намудани лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагї»-ро дар ҷамоатҳои Қизилқалъа ва  Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз моҳи сентябри соли 2014 то 31 августи соли 2015 ба роҳ монад.

    Асоси фаъолияти пешбинишуда дар ноҳияи Хуросон мактуби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва шумораи зиёди муроҷиаткунандагон – ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар рафти амалӣ намудани лоиҳаи «Пешгирӣ зӯроварии хонаводагї» мебошад.

     

    Лоиҳаи  мазкур  дар 40 деҳаи ҷамоатҳои Қизилқалъа ва Айнии ноҳияи Хуросон роҷеъ ба масоили мухталифи зӯроварӣ дар оила (зӯроварии  хонаводагӣ)  дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи маориф, ҷамоатҳо, пешвоёни дин ва фаъолони маҳаллӣ амалӣ гардонида  мешавад.

     

    Фаъолияти лоиҳавии ташкилот асосан  ба  самтҳои зерин равона карда шудааст:

    1.                  Оид ба пешбарии манфиатҳо ва адвокасӣ роҷеъ ба мушкилоти дастрасии духтарон ба таълим ва эҳёи муҳити бехатар барои ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, пешвоёни дин ва фаъолони маҳаллӣ гузаронидани семинар-машварат;

    2.                  Расонидани кумакҳои  иҷтимоӣ  ва  ҳуқуқӣ  ба  муроҷиаткунандагон

    3.                  Машғулиятҳои  омӯзишӣ  дар:

    ·         Гурӯҳҳои  мақсадноки  занон;

    ·         Гурӯҳҳои  мақсадноки  мардон;

    ·         Гурӯҳҳои  мақсадноки  мактаббачагони  мактабҳои  таҳсилоти  миёнаи  умуми;

    ·         Гурӯҳҳои  мақсадноки  намояндагони   дин.

     

     Дар доираи  лоиҳа  гузаронидани  чорабиниҳо,  аз  қабили «Иди  модарон», «Рӯзи  оила» ва  «16 рӯз  бидуни  зӯроварӣ»   бо иштироки  умумии аҳолӣҳукумати  маҳаллӣ, кумитаи  кор  бо  занон  ва  оила ва САХШ ноҳияи Хуросон.

    Мақсад аз гузаронидани  чорабиниҳои   мазкур  воқифсозии мардум  аз натиҷаҳои  нохуши  зӯроварӣ дар оила  ва дигаргун  сохтани  муносибати  онҳо  нисбат ба  зӯроварии  хонаводагӣ  мебошад

     

    Баҳрагирони   мустақими  лоиҳа:  гурӯҳҳои  мақсаднок  аз  ҳисоби  занон,  мардон, ҷавонону  наврасон, пешвоёни  дин, аҳолии деҳаҳои шомили лоиҳа, мақомоти давлатӣ, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ашхоси ба зӯроварӣ роҳдиҳанда, шоҳидони зӯроварӣ (аз ҷумла кӯдакон ва аъзоёни дигари оила), ВАО.

    Кормандони баландихтисоси ташкилот малакаҳои  баланди тахассусиро доро буда, фаъолияти худро дар гузаронидани семинарҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, дастгирии иҷтимоӣ ва инчунин машваратҳои ҳуқуқӣ ба аҳолӣ равона месозанд. Кормандон мунтазам дар семинарҳо иштирок намуда, малакаҳои кории худро мутобиқи талаботи замони муосир баланд мебардоранд.

    Дар давраи сентябри соли 2014 то моҳи августи соли 2015  шумораи муроҷиаткунандагон:

    722 нафар ( 592 зан ва 130 мард) ташкил дод.

    Хизматрасонӣ:  Ҳамагӣ  1113 хизматҳои ҳуқуқшинос ва коргари иҷтимоиро гирифтанд. 


Cуроѓаи ташкилот:


1.   дар шаҳри қурғонтеппа,

хиёбони Ваҳдат 29А

(бинои Шӯрои иттифоқҳои касаба).

 

2.     дар ноҳияи Хуросон,

Ҷамоати деҳоти қизилқалъа, бинои ҷамоат, ошёнаи 2 -юм

 

 

           Тел: (83222) 2-79-10

           Тел. моб. (918)65 92 93 

            Почтаи электронӣ: ngodilafruz@mail.ru