Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

Маркази бўхронии «Бовари ба фардо»


 

 

Ташкилоти ҷамъиятии маркази бўҳронии «Боварӣ ба фардо» соли 2004 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Маблағгузории ин марказ аз тарафи Конфедератсияи Швейсария мебошад ва аз тарафи Филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад.

 Фаъолияти маркази буҳронии «Боварӣ ба фардо» аз соли 2005 ин ҷониб аз иҷрои "Лоиҳаи пешгирии зўроварӣ дар оила" иборат мебошад.

 Мақсади асосии маркази буҳронии «Боварӣ ба фардо» ин расонидани кӯмак ба занони ҷабрдида мебошад.

Аз моҳи июни соли 2013 Маркази бўҳронии «Боварӣ ба фардо» аз рӯи Лоиҳа оид ба паст намудани зўроварӣ дар оила ва бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ фаъолият дорад.

Дар Марказ мутахассисони пуртаҷриба ва ихтисоснок, ҳуқуқшинос, равоншинос ва адвокат ба муроҷиаткунандагон кӯмак расонида истодаанд.

Дар марказ телефонии «Боварӣ» вуҷуд дорад, ки ба мизоҷон ба воситаи телефон хидматҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад.

 

 Ҳамкорӣ

 Дар амалисозии лоиҳа маркази бўҳронии «Боварӣ ба фардо» бо ташкилотҳои мазкур ҳамкорӣ дорад.

  • Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои Кумитаи мазкур дар ноҳияҳо;
  • Вазорати маориф ва илмї Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои вазорати мазкур дар ноҳияҳо;
  • Вазорати корњои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои вазорати мазкур дар ноҳияҳо;
  • Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ањолї ва сохторҳои вазорат дар ноҳияҳо;
  • Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои вазорат дар ноҳияҳо.

 

Ба мақсади расонидани ёрии равоншинос, ҳуқуқшинос ва адвокат ба оилаҳое, ки дучори зўроварӣ аз тарафи яке аз аъзои оила шудаанд, кормандони марказ барои ҳалли чунин масъалаҳо алоқаи зич бо раисони маҳалла доранд, ки дар якҷоягӣ бо онҳо метавонанд чунин масъалаҳоро ҳал кунанд.

 

Хидматрасонӣ ба мизоҷон

 Кормандони марказ ба шаҳрвандоне, ки ба зӯроварӣ дар оила дучор шудаанд, кӯмаки амалии худро пешкаш мекунанд:

·         Кӯмаки равоншинос;

·         Кӯмаки ҳуқуқшинос;

·         Кӯмаки адвокат;

·         Дастгирӣ ва таъмини пойдории оила.

Хидматрасонӣ дар маркази буҳронии «Боварӣ ба фардо” бе ғаразона ва холисона аст. Донистани ҳуқуқи худ ин вазифаи ҳар шахс аст.

 

Хидматрасонии мо барои осоиштагии Шумост.

 Имрӯзҳо Маркази буҳронӣ барои садҳо нафаре, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои оилавӣ муроҷиат мекунанд, макони дастгирӣ ва кӯмак гардидааст.

 Аз сентябри 2014 то августи 2015 ба Маркази буҳронӣ зиёда аз 1247 нафар мизоҷонро қабул намуд ва ба онҳо 3059 хизматҳои равоншинос ва ҳуқуқшинос, ба 35 нафар ҳимояи адвокати дар суд  расонида шуд 

  Нақшаи мо дар оянда

  • Бартараф ва пешгирӣ намудани мушкилоти зўроварӣ дар оила;
  • Баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба зўроварӣ дар оила;
  • Тавассути васоити ахбори омма ба шаҳрвандон машваратҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ пешкаш намудан.

 

 

 

Чорабиниҳои Марказ

  • Ҳар моҳ гузаронидани Эдвокасӣ компания дар маҳалҳо оид ба пешгирӣ намудани мушкилоти зӯроварӣ дар оила.

 

 Чорабиниҳои тағриботию ташвиқотӣ

  • 16 рўз бе зўроварӣ
  • Рўзи модар;
  • Рўзи оила;

 

  

IMG_0612.jpg


Ба ёд дошта бошед.

 Машварати психологӣ, ҳуқуқӣ ин на он кӯмакест, ки барои он танҳо дар ҳолати ғайриоддӣ ва ё буҳронӣ муроҷиат кардан лозим аст, инчунин дар ҳалли муаммоҳои оддии оилавӣ ва муошират низ ба мо муроҷиат намудан зарур мебошад.

 

Агар Шумо дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарор дошта бошед, дар оилаи Шумо ва ё наздиконатон муаммое пайдо шуда бошад, пас ба Маркази буҳронии “Боварӣ ба фардо” аз соати 08:30 то соати 17:00 ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе муроҷиат намоед.

 

Мо ба ҳамаи мизоҷон махфиятро кафолат медиҳем.

 

Суроғаи мо ш.Душанбе, кӯчаи А. Лоҳутӣ 14 (рў ба рўи бозори Шоҳмансур)

 

Телефони «Боварӣ» 227-97-66 аз соати 8-30 то 17 ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе. Мо тайёр ҳастем ба Шумо кӯмак расонем.

 

Ба ёд дошта бошед!

 

Зўроварӣ дар оила ин таҳдид ба ҳаёти Шумо ва ба ҳаёти фарзандони Шумо мебошад!