Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

Намудхои зӯроварӣ

Зӯроварии ҷисмонӣ дар оила - амали зиддиҳуқуқии як узви оила нисбат ба узви дигари оила дар натиҷаи барқасдона ворид кардани зарар бар саломатӣ тавассути истифодаи қувваи ҷисмонӣ мебошад;

Зӯроварии психологӣ (равонӣ) дар оила - амали зиддиҳуқуқии як узви оила нисбат ба узви дигари оила ба мақсади паст задани шараф ва иззати ӯ ва (ё) таҳдиди истифода аз зӯроварӣ мебошад, ки метавонад ба саломатии психологии он шахс зарар расонад.

Зӯроварии ҷинсӣ дар оила - амали барқасдонаи зиддиҳуқуқии як узви оила нисбат ба узви дигари оила мебошад, ки ба дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии инсон таҳдид мекунад ва низ амалҳое, ки мақсади ҷинсӣ доранд ва нисбат ба ноболиғон истифода шудаанд; 

Зӯроварии иқтисодӣ (моддӣ) дар оила - амали зиддиҳуқуқии як узви оила нисбат ба узви дигари оила ба мақсади маҳрум кардани ӯ аз манзил, моликият ва воситаҳои дигар мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷабрдида чунин ҳуқуқро пешбинӣ кардааст ва ҳамчунин маҳдудсозии дигар шароитҳои дахлдошта, ки метавонад боиси харобшавии саломатии ҷисмонӣ ё равонӣ (психикӣ) шавад ё дигар ҳолатҳои ногуворро ба вуҷуд оварад.