Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

Майян кардани хатар

Омилҳои хавфи зӯроварӣ дар оила

·         Сатҳи пасти иззати нафси худ (эҳтиром ба шахсияти худ);

·         Даромади паст ё шароитҳои бади зиндагӣ;

·         Алкогол ва истифодаи маводи мухаддир;

·         Депрессия (афсурдагӣ);

·         Хашму ғазаб ва рафтори пархошгарона;

·         Собиқаи мавриди зӯроварии ҷисмонӣ қарор гирифтан;

·         Бекорӣ;

·         Боварӣ доштан бар нақшҳои маҳдуди гендерӣ (яъне бартарии мард ва пархошгарӣ дар муносибатҳо);

·         Доштани хоҳиш барои қудрат ва назорат кардан аз болои муносибатҳо;

·         Низоъҳо - ҷанҷолҳои заношӯӣ, шиддат ва муборизаҳои дигар;

·         Бартарӣ ва назорати муносибатҳо аз ҷониби як шарик бар болои шарики дигар;

·         Муносибатҳо ва муомилаҳои носолими оилавӣ;

·         Меъёрҳои анъанавии гендерӣ (яъне занон бояд дар хона монанд, вориди кору шуғл нашаванд, мутеъ бошанд; мардон оиларо таъмин мекунанд ва қарор қабул мекунанд);

·         Қаблан доштани муносибатҳои зӯроварона;

·         Ба наздикӣ ҷудо шудааст ё талоқ гирифтааст;

·         Ҳамчун кӯдак мавриди зӯроварӣ ва озор қарор гирифтааст;

·         Ҳамчун кӯдак шоҳиди зӯроварӣ дар оила будааст.