Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

Главная

2 bcc bcc bcc bcc bcc bcc 4 5 6

Хабарҳо

Чаласаи Шурои хамохангсозии Лоихаи   PDV
Чаласаи Шурои хамохангсозии Лоихаи PDV
30 нояби соли  2017 дар мехмонхонаи  Хаят ба максади муттахид намудани саъю кушишхои дастгирии татбики Конун дар бораи пешгирии зуровари дар оила ва Барномаи давлатии пешгирии зуровари дар оила   дар Чумхурии Точикистон барои солхои  2014-2023 чаласаи шурои хамохангсозии лоиха бо иштироки намояндагони донори лоиха, Хукумати Шветсария ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ, Вазорати корхои дохилии ЧТ, Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Вазорати маориф ва илми ЧТ, Вазорати адлияи ЧТ, Кумитаи оид ба корхои дин, танзими анъана ва чашну маросимхои миллии назди Хукумати ЧТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати ЧТ  ва Хукумати вилояти Хатлон, инчунин як ктаор ташкилотхои байналмалали ба мисли   Helvetas, UNDP, UNFPA ва гайра баргузор гардид. Дар рафти чаласа намояндагони сохторхои давлати натичаи фаъолияти якчояашонро бо Лоихаи пешгирии зуровари дар оила   (PDV) барраси намуда, дастоварду даъватхоро дар соли 2017 кайд намуданд.
Баъдан кори гуруххои хурд оид ба коркарди накшаи муфассали кор барои соли 2018 бахри татбики Конун дар бораи пешгирии зуровари дар оила ва Барномаи давлатии пешгирии зуровари дар дар асоси накшахои фаъолияти якчоя бо  PDV/GOPA дар ЧТ  барои солхои  2017-2019 басташуда,  рохандози карда шуд.
Дар кисмати дуюми чаласа  директори    Филиали GOPA, Лоихаи PDV Елена Максименко  тафсири натичахои лоихаро барои соли чори ва чорабинихои барои соли 2018 пешбинишударо пешниход намуд.  Инчунин кори машваратдихию маслихатдихи ба максади коркарди пешниходхо оид ба хамкории лоиха ва шарикони стратеги ва дурнамои кушишхои баъдинаи институтсионализатсия оид ба пешгирии зуровари дар оила дар Чумхурии Точикистон гузаронида шуд.
Тренингхо барои намояндагони сохаи маориф
Тренингхо барои намояндагони сохаи маориф
27-28 ноябри соли  2017  Вазорати маориф ва илми ЧТ   бо дастгирии  Филиали ГОПА мбХ дар ЧТ/Лоихаи «Пешгирии зурвоарии хонаводаги» тренинги дурузаро барои тренерхои сохаи маориф дар мавзуи «Пешгири ва вокуниши кормандони муассисахои таълими ба ходисахои зуровари нисбати кудакон» гузаронид. Дар тренинг намояндагони филиалхои Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони сохаи маориф, раёсатхои вилоятии маориф, инчунин омузгорони фанни  «Маърифати оиладори»-и вилояти Хатлон (минтакаи Кургонтепа ва Кулоб), вилояти Сугд, ш.Душанбе, НТЧ  иштирок намуданд. Тренинг аз тарафи тренерони махалли ва тренери байналмилали бо иштироки 30 нафар гузаронида шуд, ки аз руи натичаи тренинг бо сертификатхо кадрдони карда шуданд. Максади чорабини рушди иктидори кормандони  Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони сохаи маориф дар доираи системаи такмили ихтисос барои педагогхои мактабхо ва рохбарони Раёсатхои вилоятии маориф аз руи чанбахои пешгирии зуровари  нисбати кудакон, ошкор намудан, ба кайд гирифтани чунин ходисахо ва вокуниш барои мухофизат намудани кудакони чабрдида буд.
Мохи январи соли 2018 гузаронидани як катор тренингхои иловаги пешбини карда шудааст, ки акнун тренерхои таълимгирифта дар минтакахои мамлакат мегузаронанд. Иштирокчёини тренингхо мудирони кисми таълими, рохбарони синф ва омузгорони фанни «Маърифати оиладори»-и мактабхои тахсилоти умумии чумхури  мебошанд.
Чаласаи гуруххои кории назди Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии ЧТ
Дар асоси  фармоиши ВТваХИА аз таърихи 31марти соли 2017, №224 “Оиди таъсис додани гурухи кори” ва инчунин фармоиши ВТваХИА «Оиди гузаронидани чаласахои ГК» аз 06 апрели соли 2017, №252 дар соли сипаришуда моххои апрел – ноябр 5 чаласаи гурухи кори гузаронид шуд, ки дар он хуччатхои танзимкунандае,  ки ба чанбахои расонидани кумаки ичтимои ва тибби ба чабрдидагони зуровари дар оила дар ЧТ дахлдораданд, тахия гардиданд, аз чумла:    
-  Стратегия оид ба хифзи ичтимоии ахоли;
- Мухокимаи натичахои баруйхатгирии хизматрасони барои чабрдидагони зуроварии хонаводаги ва механизмхои бозравонии холатхои  зуроварии хонаводаги байни сохторхои гуногун (тадкикот мохи март дар вилояти Хатлон ва ш.Душанбе аз чониби GOPA/PDV гузаронида шуд). Инчунин дар тадкикоти мазкур талабот ва эхтиёчот оид ба тайёркунии кадрхо дар сохаи пешгирии зуроварии хонаводаги муайян карда шуд;
- Низомномаи намунавии марказхои хизматрасонии ичтимоии мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати (бо фармоиши ВТваХИА аз 12 сентябри соли 2017, №748 тасдик гардида, аз 1 январи соли 2018 ба таври тачрибави дар 7 нохияхои чумхури мавриди амал карор дода мешавад);
- Такмили Низомномаи Утокхои дастгирии занони аз зуровари ранчкашида (дар назди беморхонахои марказии шахру нохияхо ва таваллудхонахо);
- Низомномаи намунавии ташкил ва фаъолияти панохгоххо барои  чабрдидагони зуровари дар оила (Марказхои бухрони ва панохгоххо) ва шаклхои бакайдгирии дахлдор;
- Дастурамал барои мутахассисони сохтори тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли оид ба вокуниш ба холатхои зуровари дар оила;
- Стандартхои сифати хизматрасонии ичтимои барои чабрдидагони зуроварии хонаводаги;
- Модулхои таълими ва маводхои методи барои тренерон оид ба омузиши кормандони тибби ва ичтимои;
           - Пешниходи фаъолияти Ташкилотхои чамъиятии вилояти Хатлон дар хизматрасони ва мухофизати чабрдидагони зуровари дар оила ва шахсони имконияташон махдуд, ки дар доираи фармоиши ичтимоии давлати.